Дар озмуни «Ман бо духтарам ифтихор мекунам» иншои сокини Рашт, ки ба маълумоти аврупоӣ гирифтани духтараш мусоидат кардааст, беҳтарин дониста шуд.
Наҷмиддин Шарифов маълумоти синфи 7 ва ҳамсараш – ҳамагӣ синфи панҷро доранд. «Бо вуҷуди дар минтақаи кӯҳистон ба дунё омадани духтарам, ӯ ҳамеша баҳри ба ҳадаф расидан талош меварзид ва ниҳоят ба ин ноил гардид. Ба ӯ муяссар шуд, ки дар Аврупо маълумоти олӣ гирад», – ҳикоят кард Наҷмиддин Шарифов дар маросими тақдими мукофотҳо ба озмуни беҳтарин иншову акс ва расмҳои «Ман бо духтарам ифтихор мекунам.
Сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Умедҷон Қурбонов барои беҳтарин акс бо духтарони худ бо ҷоиза қадрдонӣ шуд.
Маросими натиҷагирӣ аз озмун рӯзи 14 октябр дар Душанбе доир гардид. Ба баррасии озмун беш аз 78 иншо, 100 акс ва 100 расм пешниҳод гардид. Озмун моҳи июли соли 2016 эълон гардида буд. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Бунёди нуфусшумории Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамдастӣ бо шарикони маҳаллӣ ва байнулмилалӣ созмон дода шуд.