Дар маросими ҷамъбасти натиҷаҳои Ҳафтумин Синамобазми Байналмилалии «Дидор» дар Душанбе филми коргардони афғон Ҷамшед Маҳмудӣ “Чанд метри мукааб ишқ”- беҳтарин филм ва ба Шоҳҷоизаи фестивал сазовор дониста шуд.
Дар доираи ин синамобазм, ки аз 16 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, 80 филми коргардонҳо аз Арманистон, Афғонистон, Гурҷистон, Ӯзбекистона, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Эрон, Қазоқистон, Муғулистон, Олмон ва Тоҷикистон намоиш дода шуда, 22 филмҳои кӯтоҳметраж ва пурра ба қисмати озмун пешниҳод гардиданд.
Ҳайати ҳакамони синамобазм аз раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, ҳунарманди театру кино аз Эрон Ризо Киёниён, нависанда ва тарҷумон аз Ҳиндустон Латика Падкаонкар иборат буд.
Филми «Каждый первый (Ҳар яке)-и коргардони рус Николай Котяш беҳтарин филми кутоҳметраж дониста шуда, филми коргаронҳои қирғиз Бахита Мукул ва Дастан Жапарнуулу «Завещание отца» (Васияти падар) ба ҷоизаи мунаққидони соҳаи кино соҳиб шуд. Филми «Мушкилкушо»-и коргардони тоҷик Умед Мирзоширинов низ ба ҷоизаи синамобазм шарафёб гардид.