Дар Youtube таҳти унвони «100 соли зебоии занони тоҷик» навори видеоие мунташир шуд, ки дар он доир ба чӣ гуна тағйир ёфтани симои занони суғдӣ тӯли 100 соли ахир – аз соли 1910 то соли 2010 маълумот дода мешавад. Навори видеоӣ санаи 22 октябр нашр шуд.
Муаллифи навор дар саҳифаи фейсбукиаш дар ин робита навиштааст, ин иқдомро ба хотири инъикоси зебогии фарҳанги тоҷикон анҷом дода, лоиҳаи мазкур дар дигар кишварҳои низ амалӣ шудааст.
«Гирду атрофи ман шахсоне ҳастанд, ки боре ҳам дар бораи Тоҷикистон чизе нашунидаанд. Онҳо бояд донанд, ки тоҷикон мардуми дорои таърихи кӯҳан мебошанд. Ман дар шаҳри Хуҷанд ба воя расида, аз ин рӯ интихоби фарҳанги либоспӯшии вилояти Суғд бароям сабуктару наздиктар аст», – иброз доштааст ӯ.