Тайи чанд рӯзи ахир тӯйи арӯсии пуршукӯҳи Мадина Шокирова, духтари олигархи тоҷик Илҳом Шокиров пурбаҳстарин хабар дар шабакаи интернет аст. Акнун ВАО натанҳо дар бораи ин тӯй, балки дар бораи тарзи ҳаёти Мадина, корҳои писандида, зебу ороишоти интихобкардаи ӯ маълумот медиҳанд.
Life менависад, Мадина Шокироваи 27-сола кайҳост, ки ба ин гуна зиндагии бокарруфар одат кардааст ва ӯро аз хурдӣ волидони дорояш бо муҳаббату ғамхории беандоза фаро гирифта буданд.
Аллакай муддати 20 сол аст, ки Мадина Соли навро дар меҳмонхонаҳои панҷситорадори Дубай пешвоз мегирад, ки ба онҷо бо ҳавопаймои шахсии оилавиашон сафар мекунад. Ӯ ҳамеша меҳмони Ҳафтаи муд дар Париж буда, бо сардабири маҷаллаи Vogue Анна Винтур дар қатори аввал менишинад.
Дар Инстаграми худ Шокирова аксҳое бо чанде аз чизҳову сарулибос ва зебу ороишоти худро мегузорад, ки арзиши онҳо хеле гарон аст. Дар гузориши тасвирии зерин дар бораи ҳаёти рӯзмарраи ӯ маълумоти бештар дарёфт карда метавонед.