Тохтар Тулешов, тоҷири қазоқ, молики ширкати "Шимкентпиво" дар талоши табаддулоти давлатӣ, ташкили гуруҳи ҷиноятии фаромиллӣ, сармоягузорӣ ва роҳбарии он гуруҳ айбдор ва 21 сол зиндонӣ шуд.
Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ,Тохтар Тулешов 21 сол зиндонӣ ва молу мулкаш мусодира шуда, муҳлати зиндонро дар маҳбаси низомаш сахт пушти сар мекунад..
Гуфта мешавад, ба ҳайси ҳаммаслакони Тулешов муовини пешини додситони кулл, сардори пешини департаменти корҳои дохилӣ дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ, фармондеҳони пешини қисми низомии вазорати дифоъ низ муҳокима шуданд. Писари Тохтар Тулешов ҳам дар сафи айбдоршавандаҳо ҳаст.
Зимнан зикр мегардад, ки Тулешов тибқи 16 моддаи кодекси ҷиноятии Қазоқистон айбдор мешуд. Муҳокимаи вай пушти дарҳои баста сурат гирифт.