Миёни Барак Обама, президенти ИМА ва ҳамтои русаш Владимир Путин дар ҳошияи саммити Осиё ва уқёнуси Ором дар Лима табодули назари кӯтоҳ сурат гирифтааст.
Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ин нахустин сӯҳбати Путину Обама баъди пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи ИМА аст.
Ба иттилои Кохи сафед, гуфтугӯи Барак Обама бо Владимир Путин чаҳор дақиқа идома ёфтааст. Обама аз Путин даъват кардааст, то Русия масъулиятҳояшро дар доираи қарордоди Минск оид ба ҳалли низоъ дар шарқи Украина иҷро кунад.
Вай ҳамчунин аз раҳбарони вазоратхонаҳои хориҷии ИМА ва Русия – Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров даъват кардааст, ки корро бо шариконашон аз кишварҳои дигар барои коҳиши хушунат ва машаққати сокинон дар Сурия идома диҳанд.
Ин табодули назари кӯтоҳ дар ҳоле сурат мегирад, ки беҳтар шудани муносибатҳо миёни Русия ва ИМА-ро баъди президент интихоб шудани Доналд Трамп тахмин мезананд.