Ахири ҳафтаи гузашта дар Душанбе даври интихобии озмуни «Face of Central Asia» доир гардид, ки дар он 25 модел иштирок ва сарулибос аз тарроҳони ватаниро намоиш доданд.
Дар ин озмун тарроҳон Мавлуда Ҳамроева, Умед Кучалиев, Макнуна Ниёзова, Мурод Fashion, Зулола Абутуробова ва дигарон маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ба қавли созмондеҳи чорабинӣ, намояндаи расмии озмуни «Face of Central Asia» дар Тоҷикистон, модел Фотима Маҳмадлиева, тибқи натиҷаҳои интихоб аз рӯи аксҳо, ки аз ин озмун фиристода шуда буданд, ҳайати ҳакамон якчанд доваталабро барои иштирок дар «Face of Central Asia» интихоб намудааст. Озмун моҳи феврали соли 2017 дар Қазоқистон баргузор мешавад. Дар идома иштирокчиёни арзандаро ҳайати ҳакамони асосӣ аз Кореяи Ҷанубӣ баҳогузорӣ мекунанд.
«Face of Central Asia» қисмате аз озмуни пуршукӯҳи байнуулмилалии моделҳои «Asia Model Festival» мебошад, ки аллакай давоми 10 сол аст дар шаҳри Сееул (Кореяи Ҷанубӣ) доир мегардад ва дар он намояндагони 25 кишвари Осиё ширкат меварзанд.