Шавкат Мирзиёев, президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон нахустин сафари расмиашро аз Русия шуруъ мекунад.
Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба расонаҳои Русия, Шавкат Мирзиёеви 59-сола дар интихоботи президентӣ, ки 4 декабр барпо шуд, бо касби бештар аз 88 дарсади раъйи мардум пирӯз шуд.
Гуфта мешавад, маросими савгандёдкунии Мирзиёев то охири моҳи декабр сурат мегирад ва вай зимистон ё баҳори соли 2017 ба Русия хоҳад рафт.
Зикр мегардад, ки Шавкат Мирзиёев дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин дар Самарқанд, ки 6 сентябр барпо шуд, гуфта буд, ки барои Ӯзбекистон муносибат бо Русия "шарикии стратегӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд".