Шоми рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Фурудгоҳи байналмилалии Бандаранайкеи пойтахти ин давлат шаҳри Коломбо, ки бо шиору навиштаҷоти шодбошӣ оро ёфта аз ду ҷониби роҳрав Горди фахрӣ саф ороста буд, Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Ранил Викремесингҳ самимона истиқбол гирифт.
Гуфта мешавад, баъди анҷоми муқаррароти истиқбол дар фурудгоҳ Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо орзуҳои шукуфои беш аз беш ва таҳкими дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Шри –Ланка дар Китоби тиллоии меҳмонони олимақом соядаст гузоштанд.