Сохтмони Театри миллии Тоҷикистон, ки хишти нахустини он аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли гузашта шуда буд, имрӯзҳо бомаром ҷараён дошта, ин театр бузургтарин ва зеботарин чунин иншоот дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, то имрӯз 80 фоизи таҳкурсии асосии бино сохта шудааст. Бинои Театри миллӣ аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд.
Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошанд. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6 метр буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд. Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам утоқҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва дигар шабакаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мешавад.
Таъкид мешавад, ки лоиҳаи Театри миллии Тоҷикистон давоми 5 сол дар асоси омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй мебошад. Фармоишгар ва пудратчии асосӣ аз тарафи ҳукумати кишвар таъйин шудааст, ки онҳо Дирексияи сохтмони назди дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСП “Сирдарё” мебошанд.