spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Русия ва Туркия куштори сафири русро якҷоя таҳқиқ мекунанд

Дар муроҷиати телевизионӣ президенти Туркия Реджеп Тайип Эрдуғон изҳор доштааст, ки барои таҳқиқи ҳодисаи куштори сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов Русия ва Туркия гурӯҳи муштараки тафтишотӣ созмон медиҳанд.

Президенти Туркия гуфтааст, зимни суҳбати телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин дар ин хусус ва ҳамчунин тақвияти тадбирҳои амниятӣ дар намояндагиҳои дипломатии кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар тавофуқ ҳосил шудааст.

Эрдуғон қайд кардааст, ки куштори сафири Русия як иғвоангезиест алайҳи беҳбуди муносибатҳои ҳарду кишвар. Путин низ ин ҳодисаро иғвоагезӣ номида, қайд кардааст, ки «он ба зиёноварӣ нисбати муътадил шудани муносибатҳои кишварҳо ва монеъа эҷод кардан ба ҷараёни сулҳ дар Сурия нигаронида шудааст».

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ба «Интерфакс» хабар додааст, ки Путин ва Эрдуғон бобати ба Туркия фиристодани гурӯҳи муфаттишони русиягӣ ва тақвияти посбонии сафоратхонаҳои ҳарду кишвар ба созиш расидаанд.

Ёдрас мекунем, ки сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов ҳангоми суханронӣ дар осорхонае дар Анкара кушта шуд. Вазорати корҳои хориҷии Русия тасдиқ кард, ки сафири ин кишвар дар Туркия дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона кушта шудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса Кумитаи тафтишоти Русия парвандаи ҷиноӣ боз намуда, мақомоти интизомии Туркия модар ва хоҳари қотилро боздошт намудаанд. Манбаъҳои Reuters хабар додаанд, ки мақомоти пулис робита доштани қотил бо ҷонибдорони рӯҳонӣ Фатҳуллоҳ Гюленро мавриди санҷиш қарор додаанд.

Хабаргузории «Интерфакс» менависад, Шӯрои амнияти СММ дар робита ба ин ҳодиса изҳорот мунташир намуда, куштори сафири Русия дар Туркияро амали террористӣ унвон кардааст. Дабир кулли СММ Пан Ги Мун ин ҳодисаро «амали бефоидаи террористӣ» номидааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...