Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон имрӯз маросими навбатии нобудсозии маводи мухаддири мусодирашуда доир гардид.
Дар ҳузури комиссияи махсус аз ҳисоби кормандони мақомоти суду прокуратура ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори умуми ватаниву хориҷӣ дар оташдони махсуси Агентӣ 368 килову 271 грамм маводи нашъаовар ба коми оташ рафт.
– Аз ҷумла, 7 килову 984 грамм маводи нашъаовари сахттаъсири героин, 110 килову 910 грамм афюн, 111 килову 425 грамм ҳашиш, 136 килову 700 грамм бангдона ва 1 килову 425 грамм ҳабҳои МДМА нобуд карда шуд, ки дар 15 парвандаи ҷиноӣ ба сифати далели шайъӣ истифода шуда, нисбати ин парвандаҳо ҳукми суд мавриди амал қарор гирифтааст, – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовар Хушнуд Раҳматуллоев.
Ҳамаи маводи мухаддири сӯзонидашуда аз ҷониби кормандони Агентии маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар ҷараёни баргузории амалиёту чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи мусодира шудааст.
Қобили зикр аст, ки давоми 17 соли фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ дар оташдонҳои он беш аз 17,5 тонна маводи мухаддири навъҳои гуногун нобуд карда шудааст.