spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Хушнудии Тоҷикистон аз ташаббуси Ӯзбекистон дар мавриди барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини сарвазири Ӯзбекистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ Рустам Азимовро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар роҳбарият ва мардуми ин кишвари дӯст ва ҳамсояи наздикро барои дар сатҳи баланд баргузор шудани Интихоботи Президенти Ӯзбекистон самимона шодбош гуфта, ташрифи ҳайати расмии ҳукуматии ин давлатро ба Тоҷикистон иқдоми муҳим дар рушду тавсеи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ арзёбӣ намуд.

МЕДИА (YOUTUBE)

– Тоҷикистон аз ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон дар мавриди барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду давлат ба хушнудӣ истиқбол менамояд, – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки кишвари мо хостгори дар оянда беҳтар гардонидани муносибат дар масъалаҳои барқарорсозии қитъаҳои роҳи оҳан, паст кардани тарифҳои ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, ба роҳ мондани содироту воридоти дубораи нерӯи барқ, тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ, бекор кардан ё содда гардонидани низоми раводидии рафтуомади шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои марзӣ мебошад.

Ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, роҳу нақлиёт, обу энергетикӣ, ҳифзи сарҳад ва фарҳангӣ табодули афкор намуда, барои бартарафсозии шарту шароитҳои монеасози рушди робитаҳо дар ин соҳаҳо фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Тавре таъкид гардид, пояи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ беш аз сад санади ҳамкориро дар бар мегирад, ки татбиқи амалии онҳо барои ҳар ду кишвар аз ҳар ҷиҳат манфиатовар хоҳад буд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии кишварҳо масъалаҳои муҳиму рӯзмарра баррасӣ шуда барои дарёфти роҳу усулҳои нави рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ иқдомҳои муассир пеш гирифта мешавад.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили марбут ба вазъи сиёсию низомии минтақа ва ҷаҳон, тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ изҳори назар карда шуд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...