Президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп шумори хадамоти махсуси кишварро кам карданист.
Ба навиштаи The Wall Street Journal бо истинод ба манбаи наздик ба президенти оянда, коҳиши шумор ба Раёсати марказии иктишофӣ (СРУ)-и ИМА ва дафтари кории директори иктишофи миллӣ дахл хоҳад дошт.
«Аз нигоҳи тими Трамп ҷаҳони иктишофӣ (ИМА) комилан ба сиёсат мегаравад. Ҳамаи онҳо бояд «хароб шаванд». Ҳадаф (коҳиш – «Газета.Ru») дар он ифода хоҳад ёфт, ки азнавташкилдиҳӣ ва ҳамкории мутақобилаи онҳо бозбинӣ шавад», – гуфтааст яке аз манбаъҳо.
Бино ба маълумоти газета, дар роҳандозии ин ислоҳот собиқ роҳбари Раёсати иктишофи Пентагон генерал Майкл Флинн, ки дар маъмурияти Трамп мансаби мушовир оид ба амнияти миллиро мегирад, иштирок хоҳад кард. Ҳамчунин ба азнавсозии сохтори хадамоти махсус ҷумҳурихоҳ Майк Помпео низ ҷалб хоҳад шуд, ки Трамп ӯро роҳбари Раёсати марказии иктишофӣ (СРУ) таъин карданист.