Дар шаҳри Кобул паҳлӯи бинои парлумони Афғонистон рӯзи 10 январ ду таркиш рух дод, ки бар асари ин амалҳои террористӣ дастикам 30 нафар кушта ва ҳудуди 80 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора Tolo News бо такя ба маълумоти мансабдорони маҳаллӣ хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти Ассошиэйтед Пресс, Вазорати умури дохилии Афғонистон ҳалокати 22 нафар дар ин амалҳои терористиро тасдиқ кардааст.
Яке аз ин амалҳоро дар мавзеи Доруламон террористи маргталаб анҷом дода, дар назди бинои парлумон автомашинаи минагузоришуда таркидааст.
Масъулияти ин амалҳои террористиро ҳаракати «Толибон» ба дӯш гирифта, иттилоъ додааст, ки ҳадафи ҳамлаҳо автобусе будааст, ки кормандони ҳукумати Афғонистонро мекашонидааст.