Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Хоҷа Оби Гарм: гузаштаи дурахшону ояндаи норӯшан (чандрасонаӣ) - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Хоҷа Оби Гарм: гузаштаи дурахшону ояндаи норӯшан (чандрасонаӣ)

Зарнигори СОИБНАЗАР, Дилшод РАҲМОНОВ, махсус барои ASIA-Plus

Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм зиёда аз 80 сол аст, ки ба воситаи буғу чашмаи радонӣ ва гулу гиёҳҳои шифобахш даҳҳо намуди бемориҳои мардумро табобат мекунад. Аммо дар солҳои охир сатҳи нокифояи хизматрасонӣ ва буҳрони молиявии кишвар шумори мизоҷони онро ба таври назаррас коҳиш додааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Таърихи навини Хоҷа Оби Гарм аз он оғоз шудааст, ки соли 1934 бо ташаббуси қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратуллоҳ Махсум дар ин мавзеъ осоишгоҳ таъсис ёфтааст. Баъдан бо азми роҳбари вақти Тоҷикистони шӯравӣ Ҷаббор Расулов тайи 10 сол (1972-1982) муҷтамаи табобатию фароғатӣ бунёд гардидааст.

Он аз даврони таъсис то кунун чандин марҳиларо тай кардаву дар вазъи гуногун қарор доштааст, ки рӯйдодҳои асосияш дар ин хатти замонӣ (Timeline) пайгирӣ шудааст.

МЕДИА (IFRAME)

Деҳаи зебоманзари Хоҷа Оби Гарм дар қисмати ҷанубу шарқии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар баландии қариб 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Аз пойтахти кишвар то расидан ба ин деҳа бояд 51 километр ҷодаи мумфарши дараи Варзоб тай шавад, ки нақлиёти сабукрав ин масофаро бо убури 2 нуқтаи пулчинии IRS дар як соат тай мекунад.

МЕДИА (IFRAME)

Ривояти пайдоиши чашма

Ба гуфтаи Зайниддин Зиёев, мудири фарҳангии осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм, номи ин мавзеъ ва пайдоиши оби камрадиоактивии радонӣ тибқи устураҳо ба замони Хоҷа Абу Талҳа рабт дорад, ки мазораш дар қарибии саргаҳи чашма ҷойгир аст.

МЕДИА (IFRAME)

Тоҷиддин Комилов, сокини куҳансоли ин деҳа низ мегӯяд, ки дар бораи чашмаи оби гарм аз гузаштагон танҳо ривоятҳо боқӣ мондаанд. Тибқи онҳо, Хоҷа Абу Талҳа барои муаррифии дини Ислом ба ин минтақа омадаву ранҷи беобии мардум ва хушкидани рустаниҳоро дида, бо асояш ба замин кӯфтааст ва ҳамон лаҳза аз он буғу оби шифобахш фаввора задааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Вазъи кунунӣ

Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм, ки солҳои шӯравӣ дар як вақт то 800 нафарро ба табобат фаро мегирифт, айни замон дучори мушкили норасоии мизоҷон шудааст. Масъулини он мегӯянд, ки ҳоло имкони қабули то 600 нафарро доранд, вале дар мавсими зимистон шумори дармонгирандагон коҳиш ёфта, ҳамарӯза аз 30 то 250 нафарро ташкил медиҳад.

 

 

 

 

Иззатулло Дӯстов, ки аз соли 1974 дар ин осоишгоҳ кор мекунад, далели коҳиши теъдоди мизоҷонро ба имконоти маҳдуди молиявии давлат ва шаҳрвандони Тоҷикистон марбут медонад. Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир бисёри корафтодагон ба далели камбуди маблағ ҳамагӣ 5-6 рӯз муолиҷа мегиранд, ки ин барои шифо кофӣ нест. “Ҳадди ақал бояд 10-12 рӯз табобат гиранд”, – афзуд мутахассис.

Дар зер аксгардони марҳилаи сохтмони ин муассисаи табобатию фароғатӣ ва тасвири кунунии он аз фазо.

МЕДИА (IFRAME)

Камбуди мизоҷон дар ҳолест, ки арзиши ҳадди ақали табобати 10-рӯза дар осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм 1300 сомонӣ – афзунтар аз 3 маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон мебошад. Ҳатто бо назардошти коҳиши назарраси арзиш нисбат ба як соли пеш, айни замон иҷораи утоқи алоҳида аз 200 то 600 сомонӣ барои як шабонарӯз муқаррар шудааст.

Ба гуфтаи бархе аз мизоҷон, маҷмӯи чунин хизматрасониро метавон бо нархи нисбатан арзон ва сифати беҳтар дар осоишгоҳи дигари ин деҳа – Муассисаи хусусии табобатию фароғатии “Сароб” дастрас кард.

Дар зер аксгардони бинои пешини дармонгоҳи маҳаллӣ, ки дар авохири солҳои 90-уми асри гузашта хусусӣ ва таъмири комил шуда, алъон ба унвони “Сароб” дар дохилу хориҷи кишвар маъруф аст.

МЕДИА (IFRAME)

Фаъолияти мардуми таҳҷоӣ

Аксари сокинони маҳаллӣ дар 2 осоишгоҳи давлатию хусусӣ – “Хоҷа Оби Гарм” ва “Сароб” фаъолият карда, ба ин васила рӯзгори худро пеш мебаранд. Ҳамзамон дар ин деҳаи баландкӯҳ беш аз 200 намуд гулу гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки ҷамъоварию фурӯши онҳо ба сайёҳону дармонгирандагон сарчашмаи дигари даромади аҳолӣ мебошад. Бархе ба занбӯрпарварию кишоварзӣ ва чорводорию тиҷорат низ машғуланд.

ГАЛЛЕРЕЯ (7)







Сайёҳони дохилию хориҷӣ

Дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон, ба ин мавзеъ ҷаҳонгардони зиёд низ меоянд. Мавҷудияти неъматҳои табиӣ, меҳмондӯстии тоҷикона ва кордонию ширинзабонии мардуми таҳҷоӣ, ки хизматрасонии босифатро асоси некӯаҳволии худ медонанд, омилҳои ҷалби ҳарчи бештари меҳмонони ватанию бурунмарзӣ гардидааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Коршиноси масоили ҷаҳонгардӣ Озар Холназаров мегӯяд, айни замон роҳи сайёҳони Русия ба Миср, Туркия ва бархе аз кишварҳои Аврупо то андозае маҳдуд шудааст, ки ин барои ҷалби онҳо ба осоишгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, Хоҷа Оби Гарм имкон медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, солҳои шӯравӣ то 90% истироҳаткунандагони он аз хориҷи Тоҷикистон буданд. Вай афзуд, ки фаъол шудани пойгоҳи лижаронӣ метавонад барои ҷалби сайёҳони бештари хориҷӣ ба ин мавзеъ мусоидат кунад.