Дар маҷлиси нахусти фаъолони шаҳри Душанбе таҳти раёсати раҳбарияти нави шаҳрдорӣ раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ доир ба 9 вазифаи аввал сухан гуфт. Мо аз сокинони шаҳр пурсон шудем, ки ба кадом масъалаҳо таваҷҷуҳи бештар доранд.
Маълум шуд, ки хоҳиши чанде аз онҳо бо ниятҳои раҳбарияти нави пойтахт ҳамсон буда, сокинони шаҳр бештар ба ҳалли мушкилоти нақлиёти ҷамъиятӣ, таъминот бо нерӯи барқу гармӣ ва тартибот дар шаҳр таваҷҷуҳ доранд.
Дар ҳамин ҳол, қисмате аз пурсидашудагон зикр карданд, ки дар пойтахт ҳеҷ мушкилоте вуҷуд надорад ва чизеро ҳам тағйирдодан лозим нест.