Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон ниятҳои Тоҷикистонро дар мавриди тағйири хатсайрҳои қатораҳо тариқи қаламрави Ӯзбекистон ва минбаъд Қазоқистону Русия бидуни убури қаламрави Турманистон нораво мешуморад.
«Тоҷикистон масъалаи ифтитоҳи алоқаи роҳи оҳан тариқи қаламрави Ӯзбекистон ба Русия бидуни убури қаламрави Турманистонро баррасӣ мекунад», – қайд мешавад дар маълумоти сомонаи ВКХ Турманистон ва дар ин зимн изҳороти муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Усмон Қаландарзода оварда мешавад.
Гуфта мешавад, Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон нофаҳмии беҳад зиёди худро нисбати чунин изҳороти шахсони расмии Тоҷикистон изҳор медорад.
Зикр мегардад, ки Турманистон як қатор лоиҳаҳоро бо иштироки Тоҷикистон роҳандозӣ намуд, ки ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар бахши нақлиёту коммуникатсия равона гардидаанд.
Ба андешаи ҷониби Туркманистон, фаъолияти пурамари ҳарду ҷониб дар ин соҳа ба рушди шарикии иқтисодӣ дар минтақа, муҳайё кардани шароитҳои нав барои таҳкими имконоти нақлиётиву транзитӣ дар Осиё мусоидат карда метавонад.
«Аммо , – таъкид мешавад дар хабар, – изҳороти яке аз роҳбарони идораи роҳи оҳани Тоҷикистон ба воқеъан амалисозии ҳадафҳои зикршуда мусоидат намекунад».
Дар ВКХ Туркманистон бар ин назаранд, ки зимни схан гуфтан дар бораи роҳандозии хатсайри нави роҳи оҳан «бидуни убури қаламрави Турманистон» мансабдори воломақом тавофуқҳои хосилшуда дар сатҳи баланди давлатиро фаромӯш кардааст.
Мувофиқи ин тавофуқҳо, Туркманистону Тоҷикистон солҳои наздик ният доранд, ки тавассути афзоиши ҳаҷми боркашнӣ ва мусофирон аз Тоҷикистон тариқи қаламрави Туркманистон ба кишварҳои сеюм ба ҳамкориҳо дар самти алоқаи роҳи оҳан тақвият бахшанд.
«Ғайр аз ин, дар доираи ҳамкориҳои Туркманистону Тоҷикистон як қатор пешниҳодҳо оид ба сохтмони роҳҳои оҳан мавҷуданд, ки миёни онҳо роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад ва моҳи ноябри соли гузашта марҳилаи аввалаш аз ҷониби Турманистон ба истифода дода шуд», – таъкид мешавад дар маълумоти ВКХ Туркманистон.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар давраҳои мушкил барои Тоҷикистон Туркманистон ҳамеша ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон кумак мекард ва маҳз тариқи роҳи оҳан ҷониби Туркманистон чандин маротиба барои эҳтиёҷоти нафарони осебдида аз офати табиӣ ё дар ҳолати ногувор қароргирифта бар асари падидаҳои иқлим кумак мефиристод.
«Туркманистон минбаъд низ Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, бар ин назар аст, ки ҷониби Тоҷикистон бодиққат ва масъулияти тамом масъалаи нораво будани чунин изҳороти ғайридӯстонаи шахсони расмиро баррасӣ хоҳад кард», – илова мешавад дар маълумот.
Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарии рӯзи 24 январ муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Усмон Қаландарзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки идораи роҳи оҳани Тоҷикистон ба ҳамтоҳои ӯзбеки худ пешниҳод кардааст, ки хатсайри ҳаракати қатораҳои Тоҷикистон тариқи қаламрави Ӯзбекистон тағйир дода шавад.
«Агар ҳаракати қатораҳо тариқи хатсайри Бойсун – Тошгузар – Қаршӣ бидуни убури қаламрави Турманистон ба роҳ монда шавад, масофаи роҳ 153 километр кӯтоҳ мешавад», – иброз дошта буд муовини сардори корхона.
Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки пешниҳоди зикргардидаи ҷониби Тоҷикистон айни замон аз ҷониби идораи роҳи оҳани Ӯзбекистон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.