Дар Сурия чаҳор мушовири ҳарбии Русия кушта ва дуи дигар захмӣ шуданд.
Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба "Интерфакс", дар натиҷаи таркиши минаи фугас дар Сурия чаҳор мушовири ҳарбии Русия кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд.
Гуфта мешавад, қатори техникаи ҳарбии Сурия аз наздикии фурудгоҳи Тиёс ба самти Хумс ҳаракат мекард ва дар зери мошине, ки мушовирони Русия савори он буданд, бомбаи ба воситаи радио идорашаванда мунфаҷир гаштааст.
Зикр мегардад, ки амалиёти ҳарбии Русия дар Сурия 30 сентябри соли 2015 сар шудааст. Аз он вақт то ҳоло Вазорати дифои Русия ҳалокати 30 низомиро тасдиқ кард. Ҳамзамон Москва борҳо изҳор доштааст, ки ҳарбиёнаш дар амалиёти заминӣ ширкат намекунанд.