Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
«Рӯшноии маҳтоб» филми сол элон гашта, ба ҷоизаи «Оскар» соҳиб шуд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

«Рӯшноии маҳтоб» филми сол элон гашта, ба ҷоизаи «Оскар» соҳиб шуд

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Лос-Анҷелес 89-умин маросими супоридани ҷоизаи Академияи синамои Амрико – "Оскар" баргузор шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, "Рӯшноии маҳтоб"-и Барри Ҷенкин филми сол эълон гашта, ҳамчунин дар бахшҳои "беҳтарин ҳунарманди дараҷаи ду" ва "беҳтарин филмнома" ҷоиза ба даст овард.

"Ла-Ла-Лэнд", ки бо иштибоҳи муҷрии маросим дар аввал филми сол эълон гашт, соҳиби шаш пайкараи тилоӣ шуда, муаллифи он Дэмьен Шазелл ҷоизаи "Оскар"-ро дар бахши беҳтарин коргардон соҳиб гашт. Ӯ ҷавонтарин нафаре шуд, ки дар ин бахш соҳиби ҷоиза мешавад.

Ҷоизаи бахши беҳтарин нақши зан насиби Эмма Стоун шуд, ки дар "Ла-Ла-Лэнд" нақш офаридааст. "Оскар"-ро барои беҳтарин филмномаи аслӣ драмаи Кеннет Лонерган "Манчестер дар лаби баҳр" ба даст оварда, ба иҷрокунандаи нақши асосии он Кейси Аффлек ҷоизаи беҳтарин бозигари нақши мард дода шуд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Беҳтарин филми кутоҳи анниматсинонӣ" "Зверополис" ва беҳтарин филми мустанад "О. Ҷей. истеҳсоли Амрико" эълон гашт.

Филми "Фурӯшанда"-и коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ, ки ба ин маросим наомад, барандаи ҷоизаи беҳтарин филми ғайрианглисизабон дар ҷашнвораи "Оскар" шуд. Фарҳодӣ дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, сиёсати муҳоҷирати президент Доналд Трампро қабул надорад.

Ҷоизаро дар бахши филми ҳуҷҷатии кутоҳ "Кулоҳхуди сафед" дар бораи яке аз созмонҳои ихтиёрӣ дар Сурия соҳиб шуд. Муаллифони он Орландо фон Айнсидел ва Ҷоэнна Натасегара ҳини суханрониҳояшон дар маросим хостанд, ки ҳарчи зудтар ба даргириҳои Сурия хотима дода шавад.

Қаблан мақомоти ИМА барои вуруди наворбардор Холида Хатиба, ки дар таҳияи филми мазкур саҳм дошт, иҷоза надоданд.