Дар Душанбе сафари ҳунармандони сирки Маскав бо намоишномаи «Шоҳзодаи Миср ва 10 шер» давом дорад, ки то 12 март идома меёбад. Ҳарҷанд билетҳо на он қадр арзон бошанд ҳам, намоишнома воқеъан ҳам ба тамошо меарзад. Дар яке аз намоишномаҳо аксбардори мо низ ҳузур дошт.