Навори видеоии 2-дақиқаинаи "Lost in Kyrgyzstan" ("Гумшуда дар Қирғизистон) тобистони соли гузашта аз ҷониби коргардон Тимур Тугалев ва блогнависи итолиёвӣ Сара Иззи дар соҳили кӯлҳои Иссиқ-Кӯлу Сон-Кӯл ва наздикиҳои обанбори Орто-Токой наворбардорӣ шудаааст. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон хабар медиҳад.
Дар намоиши махсуси National Geographic дар Лондон ин навор ғолиби озмун эълон шуд.
Ҳамчунин ба дарёфти ҷоизаи асосӣ филми кӯтоҳмуддати Мэтт Ҷарвис дар бораи ҳайвонот ва кори ба ҳамин монанди Сэм Хипвелл доир ба яке аз халқиятҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ низ пешниҳод шуда буданд.