Вазорати дифои ИМА Русияро ба вусъат додани мушакҳои болдор, ки хилофи шартномаи соли 1987 дар бораи коҳиши таслиҳот мебошад, айбдор кардааст.
Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, муовини раҳбари Кумитаи сардорони ситоди қувваҳои мусаллаҳи Амрико Пол Селви гуфтааст, ин амали Москва барои иншооти НАТО дар Аврупо хатар дорад, вале дар бораи кадом мушакҳо сухан рафтан дақиқан маълумот надодааст.
Миёнаҳои моҳи феврали соли равон The New York Times навишт, ки Русия низоми нави мушакҳои болдорро роҳандозӣ карда, шартномаи маҳви мушакҳои миёна ва дурпарвозро, ки соли 1987 миёни СССР ва ИМА имзо шуда буд, вайрон кард.
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков иддаои нашрияро рад карда, гуфт, Москва "пойбанди уҳдадориҳои байналмилалии худ хоҳад монд".
Шартномаи бемуҳлати маҳви мушакҳои миёна ва дурпарвоз 1 июни соли 1988 ба иҷро даромад. Бар пояи он, ИМА ва Русия (ҳамчун вориси СССР) вазифадоранд, то аз сохтан ва озмоиши мушакҳои болдор, ки аз 500 то 5500 километр парвоз мекунанд, худдорӣ намоянд.