Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдураҳмонов изҳор доштааст, ки масъалаи фаъолияти литсейҳои қазоқӣ-туркӣ ҳаллу фасл шуда, онҳо ҷараёни тағйири мазмуну мундариҷаи таълимро гузаштанд ва акнун «Литсейҳои таълимӣ-инноватсионӣ» ном гирифтанд.
«Онҳо тибқи барномаҳои дарсии дар Қазоқистон тасдиқшуда амал карда, таҳти раҳбарияти мақомоти маҳаллии иҷроияи дахлдор қарор доранд, – овардааст гуфтаҳои вазирро «Казинформ». – Ба ҳеҷ гуна дахолат ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар қаламрави Қазоқистон роҳ намедиҳем».
Хабаргузории «Фергана» хотиррасон мекунад, ки шурӯъ аз моҳи июли соли 2016 ҳукумати Туркия чандин маротиба аз Остона қатъи фаъолияти литесйҳои қазоқӣ-туркӣ дар шаҳрҳои ин кишварро дархост карда буд. Дар Анқара мутмаинанд, ки ҳамаи онҳо ба фаъолияти созмони Фатҳуллоҳ Гюлен алоқамандӣ доранд, вале ҳукуматдорони Қазоқистон ин дархостҳоро ба инобат намегирифтанд.