Чанде пеш дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд, маросими ба имзо расидани созишнома байни Бонки Эсхата ва Бонки тиҷоратию саҳомии “Асака” дар бораи кушода шудани суратҳисоби муросилотӣ ҷараён гирифт.
Раиси Раёсати Бонки Эсхата Хуршед Носиров ва муовини аввали Раиси Раёсати Бонки “Асака” Рустам Кодиров дар рафти ба имзо расидани созишнома омодагии худро барои барқарор ва идома додани муносибатҳои дуҷониба изҳор доштанд.
“Мо ният дорем, ки кушода шудани суратҳисоби бонкӣ барои васеъ намудани робитаи тиҷоративу иқтисодӣ бо давлати ҳамсоя мусоидат намуда, барои иҷрои уҳдадориҳои мизоҷони худ пеши ҳамкорони бародарони худ кӯмак мерасонад. Ҳамзамон мо боварӣ дорем, ки беҳтар намудани муносибатҳои муросилотӣ бо яке аз бонкҳои калони Ӯзбекистон барои татбиқи якчанд лоиҳаҳои якҷоя, амалиётҳои лизингӣ ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мусоидат мекунад”- иброз дошт Раиси Раёсати Бонки Эсхата Хуршед Носиров.
Аз Бонки Эсхата дар ин маросим ҳамчунин сардори Департаменти ҳисоббаробаркунию хазинавӣ Туйчибой Холиқов ва сардори шӯъбаи муносибатҳои байналхалқӣ Далер Содиқов иштирок карданд.
Онҳо ин чорабиниро чунин шарҳ доданд: “ Маросими баимзорасӣ дар фазои самимонаву дӯстона ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмии тарафҳо сурат гирифт. Боиси қайд аст, ки бонкҳои ҳамкор ба як ақидаи умум оид ба танзими ҳамкории самарабахшу мутақобилан судманд омаданд, ки ҳадафи он наздик намудани ду давлати бародар маҳсуб меёбад. ”
Маълумотнома дар бораи Бонки “Асака” Ӯзбекистон
Бонки «Асака» давоми 21 соли фаъолияти устувори худ мавқеи пешсафиро дар бозори молиявии ҷумҳурӣ нигоҳ доштааст. Соли 1995 ташкил ёфта, Бонк имрӯзҳо яке аз бонкҳои пешрафтаи Ӯзбекистон аз рӯи сармоя ва дороӣ маҳсуб меёбад.
Маълумотнома дар бораи Бонки Эсхата:
ҶСК “Бонки Эсхата” соли 1993 ташкил ёфта, иҷозатномаи Бонки Миллии Тоҷикистонро барои амалӣ намудани фаъолияти бонкӣ 29 ноябри соли 1994 соҳиб гардидааст. Давоми 22 соли фаъолияти пурсамари худ Бонки Эсхата тавонист яке аз мавқеҳои пешсафиро дар бозори молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол созад. Бонки Эсхата бонки тиҷоратӣ буда, хизматрасониҳои гуногуни молиявиро ба соҳибкории хурду миёна мерасонад. Имрӯзҳо 1 идораи амалиётӣ, 22 филиал ва 298 маркази хизматрасонии бонкӣ дар ҳудуди кишвар фаъолият мебаранд.