Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо нахустин сафари давлатӣ ба Русия ташриф оварда, имрӯз бо президенти Русия Владимир Путин ва нахуствазири ин кишвар Дмитрий Медведев дидору гуфтушунид мекунад.
Бино ба маълумоти ТАСС, дар гуфтушунидҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетикаву саноат, бахши кишоварзӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва зербиноӣ баррасӣ мешаванд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу фарҳангӣ ва илмӣ низ табодули назар хоҳанд кард.
Қаблан муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Очилбой Раматов хабар дода буд, ки зимни сафари Мирзиёев ба Русия имзои 55 санад миёни вазорату идора ва корхонаву ширкатҳои кишварҳо ба маблағи умумии ҳудуди 16 млрд. доллар пешбинӣ шудааст.