spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Русия ба пардохти 3 млн. евро ҷубронпулӣ ба қурбониёни теракти Беслан вазифадор шуд

Додгоҳи Аврупо дар умури ҳуқуқи инсон Русияро вазифадор кард, ки ба хонаводаҳои қурбониёни теракти соли 2004-и Беслан се миллион евро ҷубронпулӣ пардохт кунад. Дар ҳамин ҳол 88 ҳазор евро барои масрафҳои додгоҳӣ таъйин шудааст. Қарори мазкур дар сомонаи додгоҳ нашр шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, додгоҳ ҳамзамон чанд шикояти гуруҳи ташаббускори "Модарони Беслан"-ро ба баррасӣ гирифт. Шумори умумии шикоятҳо бештар аз 400 адад аст.

Дар шикоятҳое, ки ба Додгоҳи Аврупо расидааст, пайвандони қурбоншудаҳо гуфтанд, мақомоти Русия уҳдадориашро дар мавриди ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон иҷро накардааст. Ҷаласаи нахустини додгоҳӣ соли 2014 барпо шуда буд.

Додгоҳи Аврупо қарор кард, ки мақомоти Русия уҳдадориашро дар самти пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ ба ҳаёти одамон иҷро накард ва ҳамла ба террористонро дар Беслан тавре ба роҳ намонд, ки талафоти инсон кам шавад.

Ёдрас мекунем, ки 1 сентябри соли 2004 дар занги нахустини мактаби Беслан дар Осетияи Шимолӣ як гуруҳи мусаллаҳ 1128 одамро гаравгон гирифт. Гаравгонон се рӯз дар толори варзиш ва дигар утоқҳои мактаб нигаҳ дошта шуданд. Дар натиҷаи ҳамлаи мақомоти интизомии Русия 334 одам, ки 186 нафарашон кӯдакон буданд, кушта шуданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...