Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Иштироки даҳҳо сокинони пойтахт дар раҳпаймоии «Полки абадӣ» - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Иштироки даҳҳо сокинони пойтахт дар раҳпаймоии «Полки абадӣ»

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Даҳҳо сокини шаҳри Душанбе бо акси падарону бобоҳои худ дар роҳпаймоии "Полки абадӣ" иштирок карданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, иштирокдорони "Полки абадӣ" бо шиор ва аксҳои ширкатдорони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аз Майдони Ғалаба (маҳаллаи маъруф ба "Тонки ёдгорӣ") дар маркази Душанбе то​ Боғи Ғалаба раҳпаймоӣ карданд ва кормандони милиса монеи онҳо нашуданд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Шавкат Мирзоев, раиси Иттиҳодияи ҷанговарони собиқадори Тоҷикистон гуфт, дар ин раҳпаймоӣ ҳудуди 500 нафар ширкат доштанд ва аз назди Майдони Ғалаба то Боғи Ғалаба тариқи роҳҳои пиёдагард омада, ба ҳаракати сокинон ва нақлиёти шаҳрӣ халале нарасонданд.

Раҳпаймоии "Полки абадӣ" дар ҳоле баргузор шуд, ки чанд рӯз қабл мақомоти тоҷик эълон карда буданд, ин иқдом ба далели "фаннӣ" баргузор намешавад ва сабабаш ин аст, ки мақомот баробар бо ташкили Паради ҳарбӣ дар Боғи ғалаба имкони танзими боз як маъракаи серҷамъиятро надоранд. Вале баҳси аслиро дар матбуот, бахусус матбуоти русӣ шарҳи хабаргузории расмии "Ховар" эҷод кард, ки шоми 4 май дар ин замина аз ҷумла навишт, ки ба хиёбонҳо бо акси фавтидагон баромадани мардум хилофи арзишҳои исломию мазҳабӣ аст.

ГАЛЛЕРЕЯ (24)
























Иқдоми "Полки абадӣ" аз соли 2011 дар Русия ва бархеи кишварҳои дигар бо нияти поси хотири қурбониёни Ҷанги ҷаҳонии дувум бо ширкати ҳазорҳо собиқадорони ҷанг ва сокинони оддӣ баргузор мешавад.