Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ чун дигар тоҷикистониён ва мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 иштирок карданд.
Давоми солҳои ҷанг беш аз 3 ҳазор нафар сокинони вилоят ба ҷанг даъват шуда, қариб аз нисф зиёди онҳо ба хонаҳояшон барнагаштанд. Бо гузашти 72 сол аз Ғалабаи Бузург аз 1,5 ҳазор нафари сокинони аз фронт баргаштаи вилоят ҳамагӣ 5 нафар собиқадорон боқӣ мондаанд.
Инҳо Додихудо Солеҳов аз Дарвоз, Мамадниёз Мухторов аз Ванҷ, Рамихудо Ҷаъфариев аз Рӯшон, Хусравбек Хишолбеков аз Роштқалъа ва Сафар Сайфов аз Ишкошим мебошанд. районов.
Дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Ғалаба, ки рӯзи 9 май дар Хоруғ баргузор шуд, собиқадорони ҷанг меҳмонони фахрии он шуданд. Дар ин чорабиниҳо беш аз 5 ҳазор нафар сокинону меҳмонони шаҳр иштирок карданд.