Барои муаррифии имконоти гидроэнергетикии худ дар намоиши махсуси «ЭКСПО-2017», ки дар шаҳри Остона ҷараён дорад, Тоҷикистон навори видеоӣ таҳия намудааст, ки дар шабакаи «ЭКСПО-2017» в YouTube гузошта шудааст.
Қобили зикр аст, ки мавзӯи асосии намоиши «ЭКСПО-2017» дар Қазоқистон – «Энергияи оянда» буда, мушкилоти истифода аз энергияро таҷассум месозад. Ҳадафи намоиш даъват ба масъулият унвон шудааст, то ки мардум тарҳрезӣ ва зери назорат доштани истифодаи энергияро бо назардошти зиёни ҳадди камтарини он барои табиат биомӯзанд.