Дар тазоҳуроти зиддикорпусионӣ дар маркази шаҳри Маскав рӯзи 12 июн беш аз 700 нафар боздошт шуданд.
Тавре нашрияи «ОВД-Инфо» дар ин робита хабар медиҳад, боздоштшудагонро ба 39 шуъбаи пулис интиқол дода, нисбати ду нафар барои ҳамла ба корманди пулис парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории «Интерфакс» дар бораи боздошти 150 нафар иштирокчиёни тазоҳурот иттилоъ медиҳад.
Тибқи маълумоти ВКД, дар Петербург 500 нафар боздошт шудаанд. Мақомоти шаҳрдорӣ қаблан хабар дода буданд, ки беш аз 300 тан аз иштирокчиёни тазоҳурот ба шуъбаҳои пулис оварда шудаанд.
Суди ноҳияи Симоновскийи шаҳри Маскав рӯзи 12 июн дар бораи ҳабси маъмурии пешвои Бунёди мубориза бо коррупсия Алексей Навалний ба муддати 30 рӯз ҳалнома содир намуд.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар тазоҳуроти зиддифасоди шаҳри Маскав наздики 5 ҳазор нафар ва шаҳри Санкт-Петербург ҳудуди 3,5 ҳазор нафар иштирок кардаанд.