Намояндаи расмии Кохи Сафед Шон Спайсер изҳор дошт, ки Вашингтон боздошти оммавии шаҳрвандони осоиштаро дар тазоҳуротҳои шаҳрҳои Русия маҳкум мекунад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
«Шаҳрвандони Русия ҳам мисли ҳамаи мардуми дигар ба ҳукумате шоистаанд, ки аз озодонаву ошкор баён кардани ақида дастгирӣ мекунад», – иброз доштааст Спайсер.
Гуфта мешавад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Маскав даъват кардааст, ки боздоштшудагонро раҳо кунад.
Дар ҷашни Рӯзи Русия, 12 июн дар як қатор шаҳрҳои Русия тазоҳуроти зиддифасод доир гардиданд. Дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург баргузории тазоҳурот бо ҳукуматдорон мувофиқа нашуда буд.
Дар ВКД аз боздошти беш аз 150 нафар хабар дода, тибқи маълумоти «ОВД-Инфо» дар Маскав на камтар аз 730 нафар боздошт шуда, шумори боздоштшудагон дар Петербург ба 500 нафар наздик мешавад.
Ташкилкунандаи тазоҳурот, сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия, пешвои Бунёди мубориза бо коррупсия Алексей Навалний низ боздошт шудааст.