Вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Филиппин, ки шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 15 ҳазор нафар мухлисон доир гардид, бо шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз Филиппин бо ҳисоби 3 бар 4 анҷом пазируфт.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бохти дуюми мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 аст. Дар бозии аввал низ футболбозони тоҷик аз дастаи Яман бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрда буданд.
Гуфта мешавад, бозии дигари дастаҳои Непал ва Яман дар ин гурӯҳ мусовӣ – 0 бар 0 анҷом ёфта, баъди ду давр дар гурӯҳи «F» бо 6 имтиёз тими Филиппин пешсаф аст. Зинаи дуюмро бо 4 имтиёз дастаи Яман ва мақоми сеюмро бо 1 имтиёз дастаи Непал ишғол мекунанд. Мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охири ҷадвал қарор дорад.
Бозиҳои навбатии мунтахаби Тоҷикистон 5 сентябр дар Катманду бо тими Непал доир гардида, ҳамин рӯз футболбозони Филиппин дар майдони худ дастаи Яманро қабул мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дастаҳои мунтахаби Австралия, Арабистони Саудӣ, АМА, Қатар, Чин, Эрон, Ҷопон, Сурия, Таиланд, Ироқ, Кореяи ҷанубӣ ва Узбекистон мустақиман дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё- 2019, ки дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузаранд, иштирок мекунанд.
Дастаҳои мунтахаби Кореяи шимолӣ, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Гон-Конг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Баҳрайн, Афғонистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа, Яман ва Мянма дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё- 2019 якҷоя бо ғолибони се ҷуфти бозиҳои плей-оффи 1, ҷамъ 24 даста имсол дар 6 гурӯҳи чордастагӣ барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои ниҳоӣ мубориза мебаранд. Дар натиҷа ғолибони гурӯҳ ва соҳибони ҷои дуюм ба қатори 12 дастаи финалист ҳамроҳ мешаванд.