Дар доираи аксияи Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» таҳти унвони «Туҳфаи сазовор» ба муштариёни ташкилот туҳфаҳо тақдим карда мешавад.
Минбаъд онҳое, ки аз интиқоли пулии рубли Русия ва амонатгузории муҳлатнок бо асъори миллӣ истифода мебаранд, холҳои мукофотӣ тақдим карда мешавад.
Баробари ҷамъ гаштани холҳо ва ба меъёри муайян расидани холҳои мазкур, мизоҷон аз ҷониби Ташкилот бо тӯҳфахои гуногун қадрдонӣ карда мешаванд.
Ҳангоми қабули интиқоли пулӣ ба маблағи 28 000 рубл ба ҳар кадоме мизоҷ 10 холи мукофотӣ дода мешавад. Ҳамчунин ба шахсони амонатгузор ба ҳар 1 000 сомонии ба амонат гузоштаашон, 10 холи мукофотӣ тақдим мегардад.
Ҳамин тариқ, мизоҷони Ташкилот холҳоро ҷамъ намуда имконияти гирифтани туҳфаҳоро пайдо мекунанд. Ба онхо мувофиқи холҳои ба дастовардаашон тӯҳфаҳои хотиравию арзишманд аз қабили мошинаи ҷомашӯӣ, чангкашак, телефонҳои мобилӣ, маводҳои гуногун барои рӯзгор, телевизиор, компютер ва ғайра такдим карда мешавад.
Аксияи «Тӯҳфаи сазовор» – аз 1 апрел то 1 октябри соли 2017 идома хоҳад ёфт.