Ҳукумати Қирғизистон бо ширкати чехии Liglass Trading CZ s.r.o дар мавриди сохта ва ба истифода додани силсиланерӯгоҳҳои Норини болоӣ ва як қатор нерӯгоҳҳои хурд дар ин кишвар созишномаеро ба имзо расонид.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин созишнома дар ҳузури президент Алмосбек Отамбоев имзо шуда, бар пояи он, ширкати чехӣ бояд дар Қирғизистон нерӯгоҳҳои Оқбулун ва Норинро ҳамроҳ бо 10 нерӯгоҳи хурд сохта, ба истифода диҳад.
Ширкати Liglass Trading CZ s.r.o бояд ба будҷаи ҶСП "Нерӯгоҳҳои Норини болоӣ" 37 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунад. Шарҳ дода шудааст, ки ин маблағ барои иҷрои раванди интиқоли 50%-и саҳмияҳои ҷониби Русия дар ҶСП "Нерӯгоҳҳои Норини болоӣ" ба ҳисоби ширкати чехӣ лозим аст.
Отамбоев ҳини имзои созишнома қайд кард, ки "сарозер шудани сармояҳои бузурги хусусӣ аз Аврупо ба ҷалби сармоягузорони нерӯманд аз саросари ҷаҳон ба кишвар кӯмак хоҳад кард, ки Қирғизистон омодагии худро барои фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои онҳо дар иҷрои босамари тарҳҳои муштарак ва пешбурди тиҷорат эълом кардааст".
Пештар Русия аз иҷрои созишнома дар бораи бунёди нерӯгоҳҳои Норини болоӣ даст кашида буд.