Раиси бунёди сармоягузории бритониёии Hermitage Capital Уилям Браудер президенти Русия Владимир Путинро сарватмандтарин одами дунё меҳисобад. Браудер, ки дар Русия дар ҷиноятҳои молӣ айбдор мешавад, дороии Путинро 200 миллиард доллар арзёбӣ мекунад.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, 27 июл Браудер дар кумитаи ҳуқуқи Сенати ИМА шоҳидӣ дод. Ин кумита дар якҷогӣ бо кумитаҳои дигари Конгресси ИМА дахолати эҳтимолии Русияро дар интихоботи президентии соли 2016-и Амрико таҳқиқ мекунад.
Браудер гуфт, ки "вазифаи муҳимтарини сиёсати хориҷӣ"-и Путин талош барои бекор кардани "Эъломияи Магнитский" аст. Ин санадро ИМА соли 2012 қабул кард. Санад ҳақ медиҳад, зидди шаҳрвандон ва ширкатҳои Русия, ки дар вайрон кардани ҳуқуқи инсон даст доранд, таҳрим ҷорӣ шавад.
Ба андешаи роҳбари Hermitage Capital, 10 ҳазор зердасти Путин ба ғасби моликият, ҳабс, одамрабоӣ, шиканҷа ва ҳатто куштор машғуланд ва ба ҳамаи онҳо президент кафолати беҷазоӣ додааст. Дар ҳамин ҳол, "Эъломияи Магнитский" метавонад ба ин монеъ шавад. Дар асоси санади мазкур ва қонунҳои дигари ба ин монанд алакай суратҳисобҳои бонкии чандин фарди наздик ба Владимир Путин ҳабс шудааст.
Рӯзи 19 июл дар мусоҳиба бо телевизиони "Настоящее время" Браудер гуфт, ки Путин мехост, тавассути ширкати офшории дӯсташ Сергей Ролдунг 230 миллион доллар ба даст орад. Дар гузашта Сергей Магнитский хабар дода буд, ки ин маблағҳо аз будҷа дуздида шудаанд. Барои хабар додан дар ин бора, Магнитский нахуст ба ҳабс гирифта шуд ва баъдтар, дар моҳи ноябри соли 2009 дар боздоштгоҳи Москва ба қатл расид.