Хабаргузории «Медуза» доир ба аз ҷониби стритрейсерҳо (иштирокчиёни пойгаҳои автомобилӣ дар кӯчаҳо) ҷустуҷӯ шудани қотилон шабона дар роҳҳои Маскав гузориши тасвирӣ омода намудааст.
Соли 2014 дар ВАО перомуни гурӯҳи ҷиноятпеша дар роҳҳои вилояти Маскав, ки ба куштору ғоратгарӣ машғул аст, маводи сершуморе ба табъ расид. Ин гурӯҳи ҷиноятпеша «бандаи ГТА» ном гирифт.
То аз байн бурда шудани банда стритрейсерҳо мустақилона роҳҳои вилояти Маскавро посбонӣ мекарданд, то ки ҷинояткоронро дастгир кунанд. Рамил Ситдиков, аксбардори махсуси агентии «Россия сегодня» ҳамроҳи онҳо ба посбонӣ мерафт.
Лоиҳаи ӯ «Шикор» (Охота) дар озмуни «Нигоҳи мустақим» (Прямой взгляд)-и Маркази Сахаров ва Маркази аксҳои мустанади FOTODOC дар номинатсияи «Низоъ» (Конфликт) ба ҷоизаи сеюм сазовор дониста шуд.
Номи ГТА дар исми ин “банда” аз номи бозии компутарии маъруф Grand Theft Auto (GTA) аст ва матбуоти Русия ин номро ба ин гурӯҳи ҷиноӣ додааст. Ин бозӣ дар бораи зиндагӣ дар як шаҳрест, ки аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноӣ тасарруф шудааст.