Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов замони рухсатиаш дар Аваз суруди наверо эҷод карда, онро ҳамроҳи набераҳояш иҷро мекунад. Суруд «Ядимда» (Дар хотир дорам) ном дорад. Дар ин бора портали «Хроника Туркменистана» хабар медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки сарвари давлати Турманистон ба эҷоди суруду таронҳо шавқи беандоза дошта, яке аз сурудҳои ӯ гимни Бозиҳои V Осиё дониста шуд, ки моҳи сентябри соли 2017 дар Ашқобод баргузор мешаванд.