Набераи Алӣ Ҳасанов, ноиби нахуствазири Озарбойҷон барои садамаи маргбор дар Боку боздошт шуд.
Бино ба иттилои сомонаи tajikistantimes.tj, Вазорати дохилии Озарбойҷон гуфтааст, ки Нойил Аллаҳбердиев ба боздоштгоҳ интиқол ёфт ва таҳқиқи парванда идома дорад.
Бино ба изҳороти Вазорати дохилӣ, Аллаҳбердиев дар таърихи 3 август, бо мошини тамғаи Mercdes SUV ду нафарро ҳалок ва ду нафари дигарро маҷруҳ кардааст.
Ба гуфтаи Вазорат ронандаи мошини дигар, ки як тарафи садама буд, низ боздошт шудааст.
Дар изҳорот омадааст, ки сарфи назар аз ҳушдорҳои ҷиддии президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, мавридҳои суиистифода аз мақом ва содир кардани ҷиноят аз тарафи мансабдорони давлатӣ ва хонаводаҳои онҳо мушоҳида мешавад.
«Алайҳи мақомоти давлатӣ ва аъзои хонаҳодаи онҳо, ки талаби раҳбари давлатро ба инобат намегиранд, ба ҷомеа беҳурматӣ нишон медиҳанд ва қонуну тартиботро дағалона поймол мекунанд, тадобири ҷиддӣ андешида мешавад»- омадааст дар изҳороти Вазорати дохилии Озарбойҷон.