Дар шабакаи телевизиони Тоҷикистон рӯзи 8 август филми мустанади аз ҷониби ВКД Тоҷикистон таҳияшуда намоиш дода шуд, ки дар он Эрон маблағгузори асосии куштори собиқ раиси парлумон Сафаралӣ Кенҷаев, рӯзноманигори шинохта Отахон Латифӣ, олимони варзида Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, сиёсатмадор Карим Юлдошев, адиби маъруф Сайф Раҳим Афардӣ, собиқ муфтӣ Фатҳуллохон ва ҳудуди 20 нафар афсарони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон номида шуд.
Дар филми 45-дақиқаина қайд шуд, ки қатли сиёсатмадорону олимон ва адибону рӯзноманигорони шинохта дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Теҳрон ва дастури собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода ба иҷро расонида мешуд.
Муаллифони филм ба баёноту шоҳидии се тан аз ҷонибдорони ҳабсшудаи Абдуҳалим Назарзода: Тағоймурод Ашрапов, бо лақаби Алӣ, с/т 1970, зодаи ноҳияи Нуробод, Абдуқодир Абдуллоев, с/т 1967, зодаи шаҳри Норак ва Саймуҳриддин Қудратов, бо лақаби Эшон, с/т 1964, зодаи ноҳияи Данғара такя мекунанд. Ҳабсшудагон худро ҷонибдори Ҳоҷӣ Ҳалим мегӯянд, ки тирамоҳи соли 2015 барои ташкили ошӯби мусаллаҳона кушта шуда буд.
Ҳабсшудагон иқрор мешаванд, ки солҳои 90-ум дар пойгоҳҳои тамринотии воқеъ дар шаҳрҳои Қум, Гургон, Машҳад ва Теҳрони Эрон таълимоти махсус гирифта, он вақт ба онҳо шиносномаҳои эронӣ додаанд.
Дар наворҳои филм онҳо эътироф мекунанд, ки бо дастури Абдуҳалим Назарзода собиқ раиси парлумон Сафаралӣ Кенҷаев, рӯзноманигори шинохта Отахон Латифӣ, олимони варзида Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, сиёсатмадор Карим Юлдошев, адиби маъруф Сайф Раҳим Афардӣ, собиқ муфтӣ Фатҳуллохон ва ҳудуди 20 нафар афсарони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро ба қатл расонидаанд.
Тағоймурод Ашрапов изҳор мекунад, ки барои қатли Сафаралӣ Кенҷаев, ки моҳи марти соли 1999 дар Душанбе сурат гирифта буд, Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҳар кадоме аз онҳо 2 ҳазор доллар маблағ додааст.
Ӯ ҳамчунин зикр мекунад, ки ҳадафи аслии аз байн бурдани афроди маъруф, аз ҷумла Кенҷаев, ба ҳукумат бадбин шудани мардум ва бедор кардани ҳисси нафрати аҳолӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ буд.
Абдуқодир Абдулллоев бо лақаби Рустами Норакӣ дар филм иқрор мешавад, ки дар Эрон ӯро ҳамчунин қотили нишонзан (киллер) ва дӯсташ Ҳакимро ҳамчун тахрибкор омода кардаанд.
Дар навори дигар ҳабсшудагон аз пайвастан ба сафҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пушаймонӣ изҳор мекунанд. “Мо намедонистем, ки ин созмони террористӣ ва аз ҷониби Эрон маблағгуззорӣ мешавад”, – мегӯянд онҳо. Дар бораи кадом вақт наворбардорӣ шудани ин сабтҳо маълумот дода намешавад.
Қобили зикр аст, ки тирамоҳи соли 2015 баъди кӯшиши ошӯби мусаллаҳонаи Абдуҳалим Назарзода, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ муттаҳам дониста шуда, Суди олии Тоҷикистон онро террористӣ эътироф кард ва фаъолияти ҳизб дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шуд.
Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ки муаллифони филм ӯро “дастнишондаи Эрон” меноманд, моҳи марти соли 2015 пас аз баргузории интихоботи парлумонӣ, ки дар он тибқи маълумоти КМИР, ин ҳизб ягон курсӣ ба даст наовард, ба Эрон рафт.