Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ ташриф овард.
Зимни ин сафари корӣ сарвари давлати Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзон, вазъи заминҳои кишти пахта шиносшуда, дар маросими ифтитоҳи мактаби нав иштирок кард.
Дар ҷамоати ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон Эмомалӣ Раҳмон аз нони гарми танӯрӣ тановул кард. Сарвари давлат ҳангоми суҳбат бо хоҷагидорон иброз намуд, ки аз ноҳияи Хуросон ба давлатҳои хориҷӣ ба ғайр аз меваю сабзавоти тоза, инчунин маҳсулоти консервашуда низ бояд содирот гарданд.