Пас аз таъйину аломатгузорӣ дар марз, Русия кӯли Сладкое воқеъ дар паҳлӯи деҳаи Покровка дар ноҳияи Купинки вилояти Новосибисркро ба ихтиёри Қазоқистон супурд.
Хабаргузории «Медуза» дар ин робита менависад, то санаи 10 август хатти марзи давлатҳо тариқи ин кӯл мегузашт.
Дар мақомоти ҳокимияти ноҳияи Купинск қайд кардаанд, ки дар мавсими шикор ҳам сокинони маҳаллӣ ва ҳам меҳмонон аз вилоятҳои Новосибирску Омск аз кӯл боздид мекунанд.
Роҳбари мақомоти ҳокимияти давлатӣ Владимир Шубников гуфтааст, кӯл бемоҳӣ буда, ба фаъолияти иқтисодӣ «ин аломатгузорӣ ҳеҷ таъсире намерасонад». «Кӯли Сладкое нимаш кӯлу нимаш ботлоқ буда, комилан ҳеҷ фоидае намеовард», – иброз доштааст Шубников.
Бино ба маълумоти Google Maps, майдони болоии кӯл 45 гектарро ташкил медиҳад. Қаблан 14 гектари он дар қаламрави Русия қарор дошт.