Дар пайи тозатарин озмоиши мушакии Кореяи Шимолӣ, ки аз болои хоки Ҷопон убур кард, мақомоти Амрико, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ фишорҳои худро ба Пхенян афзоиш дода ва вокуниши тунд нишон доданд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин мушак субҳи сешанбе аз наздикии Пхенян — пойтахти Кореяи Шимолӣ партоб шуда ва аз ҳарими ҳавоии шимоли Ҷопон убур кардааст.
Ба гуфтаи дафтари нахуствазири Ҷопон, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва нахуствазири он кишвар тавофуқ кардаанд, ки талошҳои худро барои ворид кардани фишорҳо ба Пхенян бештар намоянд.
Нахуствазири Ҷопон озмоиши ахири Кореяи Шимолиро "таҳдиди шадид" хондааст. Нахуствазири Ҷопон ҳамзамон хостори ташкили нишасти изтирории Шӯрои Амнияти СММ шудааст.
Шӯрои амният чанде қабл қатъномаеро дар бораи озмоишҳои низомии Кореяи Шимолӣ тасвиб кард. Шӯрои Амнияти СММ озмоиши мушакҳои балластикӣ ва ҳастаӣ аз сӯи Кореяи Шимолиро манъ кардааст.
Ҳамзамон ба гуфтаи нахуствазири Ҷопон, раиси Ситоди муштараки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳамтои ҷопонии ӯ дар Кореяи Ҷанубӣ гуфтугӯ кардаанд.