Амали мазкур бо мақсади дастгирии соҳибкорони хурд, ки камчинии пулҳои майдаи коғазиро камбудӣ дар савдо меҳисобанд ва инчунин бо ҳадафи иваз намудани пулҳои фарсудашудаи сомонӣ ба пулҳои нав иҷро шудааст. Соҳибкорон тавонистанд бе ташриф ба бонк, дар худи бозори Панҷшанбе пулҳои калонро ба як ва сесомонигӣ майда карда, пулҳои фарсудашударо низ ба пулҳои нав иваз намоянд.
«Вақте, ки мизоҷон аз мо харидорӣ мекунанд, мо ба онҳо бақия дода наметавонем, зеро пули майда надорем ва агар дошта бошем ҳам, ҳолати онҳо беҳад кӯҳна шудааст. Ба ҷои бақия ягон мол пешниҳод мекунем, аммо на ҳама ба он розӣ мешавад. Хуб шуд, ки Бонки Эсхата мадад кард ва мо тавонистем пулҳои худро майда кунем. Танҳо камтар вақт барои дар навбат истодан сарф шуд, зеро хоҳишмандон хеле зиёд буданд» – мегӯяд соҳибкор Мунира.
«Бонки Эсхата» барои иҷрои амалиёти мазкур гурӯҳи махсуси кормандонашро вобаста кард, ки бе иштироки онҳо таъмин кардани соҳибкорони хурд бо пулҳои коғазини нав душвор аст.
Масалан, сардори хадамоти инкассатсия Анвар Иброҳимов мошини инкассатсионӣ ва бехатариро таъмин кард, Инмоҷон Шукуров бошад пулҳои навро, хазиначиёни бонк Собир Султонов ва Даврон Ҳакимбоев бо ивази пулҳои фарсуда ва майда кардани пул машғул шуда, тартиб ва бехатарии ҷараёни амалиётро Неъматҷон Каримов ва Шӯҳрат Ӯрунов таъмин карданд.
Дастрасӣ ба пулҳои нави майда дар бозори Панчшанбе барои соҳибкорон аз санаи 28 то 30 август пешниҳод карда шуд.
«Бонки Эсхата тасмим гирифт, ки дар арафаи иди Қурбон соҳибкорони хурдро дастгирӣ намояд. Ҳамон вақте ки камшавии пулҳои майда ҳис карда мешавад ва шумораи пулҳои фарсудашудаи дар гардишбуда зиёд аст, ин иқдоми пешгирифтаи Бонки Эсхата муҳим ва саривақтӣ мебошад. Се рӯз аст, ки ҳамин гуна кумаки худро ба мардум расонида истодаем ва онҳо миннатдории хешро ба бонк изҳор мекунанд» – иброз дошт Исматулло Исматуллоев, и.в. сардори Идораи амалиётии ҶСК «Бонки Эсхата».
Бояд қайд кард, ки барои майда кардани пулҳои калон ё иваз намудани пулҳои фарсуда ягон хел ҳуҷҷат лозим нест, танҳо меъёр дар ҳаҷми 100 сомонӣ барои як нафар муқаррар карда шудааст, то ки шумораи зиёди соҳибкорон аз ин амалиёт истифода бурда тавонанд.