Дар маросими ифтитоҳи муҷассама президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳамсари нахустин президенти ин кишвар Татяна Каримова иштирок карданд. Дар ин бора Газета.uz хабар медиҳад.
Муҷассамаи нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар назди қароргоҳи Оқсарой дар Тошканд қомат афрохт.
Дар ин маросим ҳамчунин нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов ва муовинони ӯ, роҳбарону кормандони вазорату идораҳо, намояндагони парлумон ва аҳли ҷомеа ҳузур доштанд.
Муаллифи тарҳи муҷассама ҳайкалтарош Илҳом Ҷабборов мебошад, ки ҳамчунин Муҷассамаи истиқлолият ва башардӯстӣ дар майдони Мустақиллик ва ҳайкали Амир Темурро низ бунёд кардааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.