Тасдиқи рӯйхати толибилмони гирандаи стипендияи Рустами Эмомалӣ

Мавзуна Абдуллоева

Ояндаи наздик додани стипендияи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии касбӣ-техникии шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Маблағи стипедия ҳармоҳа 250 сомониро ташкил медиҳад. Ба рӯйхат 200 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муҳассилини муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ шомил гардидаанд. Муовини раиси пойтахт Мавсума Муинзода дар ин робита иттилоъ дод, ки […]

Ояндаи наздик додани стипендияи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии касбӣ-техникии шаҳри Душанбе оғоз мегардад.

Маблағи стипедия ҳармоҳа 250 сомониро ташкил медиҳад. Ба рӯйхат 200 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муҳассилини муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ шомил гардидаанд.

Муовини раиси пойтахт Мавсума Муинзода дар ин робита иттилоъ дод, ки стипендия дар доираи баргузории чорабиниҳои Соли ҷавонон баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандсозии толибилмони аълохон ва муҳайё кардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи насли наврас дар корҳои ҷамъиятӣ соли гузашта таъсис дода шуд.

Барои дарёфти стипендия толибилмони зиёд довталабӣ намуда, онҳоро лозим омад, ки аз озмун гузаранд. «Комиссия байни хонандагону донишҷӯён дар ду давра озмун баргузор намуда, натиҷаҳои он, ки аз ҷониби раиси пойтахт тасдиқ шуд, дар сомонаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе – www.dushanbemaorif.tj дастрас аст», – гуфт Муинзода.

Талаботҳои асосӣ барои довталабони иштирок дар озмун – хониши аъло, рафтори намунавӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятии мактаб ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муқаррар шуда буд.

Озмун аз рӯи фанҳои таълимӣ дар шакли тест дар маркази технологияҳои компютерии шаҳри Душанбе зери назорати видеоӣ доир гардид. «Ғолибон ба рӯйхати 200 нафар гирндагони стипендияи раиси шаҳри Душанбе шомил гардида, ному насабашон дар сомонаи Раёсати маорифи пойтахт нашр мешавад», – афзуд муовини раиси пойтахт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад