spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Сингапур ҳам аз Бонки Эсхата ҳарф мезананд

«Бонки Рушди Осиё» ғолибони мукофоти сеюми солонаро оиди маблағгузории тиҷорат (TFP) дар ҷамъомади тантанавӣ, ки дар Сингапур доир гардид, қадрдонӣ намуд. Дар рӯйхати ғолибон «Бонки Эсхата» низ номнавис шудааст.

«Бонки Эсхата» мукофотро дар номинатсияи «Бонк – шарики пешсаф дар Тоҷикистон» дар доираи «Барномаи Маблағгузории тиҷоратӣ» сарфароз гаштааст.

Дар чорабинӣ зиёда аз 150 нафар меҳмонону шарикон аз муассисаҳои молиявии тамоми дунё ширкат варзида, 18 бонкҳои пешсаф аз 17 давлатҳои гуногун бо мукофоти TFP кадрдонӣ карда шудаанд.

Бояд қайд кард, ки «Бонки Эсхата» соли дуюм аст, ки дар номинатсия «Бонк – шарики пешсаф дар Тоҷикистон» дар доираи «Барномаи Маблағгузории Тиҷоратӣ» (TFP) ғолиб мебарояд, ки барои бонк ин дастоварди мақоми байналмиллалидошта хеле муҳим аст.

Арзи сипоси худро ба «Бонки Рушди Осиё» барои баҳогузории беғаразонаи фаъолияти «Бонки Эсхата» мерасонем. Оянда низ кӯшиш мекунем, ки мақоми пешсафиро дар ин самт нигоҳ дорем.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тақдими грантҳои Бонки Эсхата бо ҳузури наздики 200 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ

«Бе бонкҳо-шарикони мо, «Барномаи Маблағгузории Тиҷоратии» «Бонки Рушди Осиё» зиёда аз 3 млрд. доллари ИМА-ро давоми як сол татбиқ карда наметавонист, хусусан дар шароити норасоии бозори маблағгузории тиҷоратӣ» – мегуяд Стивен Бек, роҳбари шӯъбаи маблағгузории тиҷоратӣ дар Бонки Рушди Осиё. – Мукофотҳои мазкур – имконияти хуб барои баён кардани арзи сипосмандӣ ба шарикони мо мебошад, зеро фаъолияти онҳо дар самти пешниҳод кардани хизматрасониҳои молиявӣ ба ширкатҳои бо тиҷорат машғулбуда баҳри рушд ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад».

Чорабинии қадрдонии шарикони TFP дар рӯзи аввали Конфронси солонаи «Global Trade Review дар Сингапур – GTR Asia Trade and Treasury Week 2017» баргузор гардид, ки яке аз Конфронсҳои калони ташрифшавандаи мабалғгузории тиҷортӣ дар Осиё маҳсуб меёбад.

Айни ҳол «Бонки Рушди Осиё» дар доираи «Барномаи Маблағгузории Тиҷоратӣ»  бо зиёда аз 200 бонкҳо-шарикон ҳамкорӣ карда истодааст, ки тариқи он ширкатҳои тиҷоратӣ барои амалӣ кардани содирот ва воридоти мол дастгирии молиявӣ мебинанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...