Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов мураббиён, ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размиро бо туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонид.
Бино ба иттилои хабаргузории «Открытая Азия онлайн», дар навбати худ варзишгарон ба сарвари давлат дучарха (велосипед)-и тиллоӣ туҳфа карданд. Президент изҳор дошт, ки ин туҳфаи арзишмандро ба осорхона тақдим мекунад.
Дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 17 то 27 сентябр дар Ашқобод доир гардиданд, варзишгарони Туркманистон 245 медал ба даст оварданд, ки 89-тоаш тилло, 70-тоаш нуқра ва 86-тоаш биринҷӣ мебошад.
Аз номи президенти Туркманистон ғолибони Бозиҳо аз Турманистон – бо автомашинаҳои Toyota Camry GL Executive; дорандагони медалҳои нуқра – бо 5 ҳазор доллар мукофотпулӣ; медалҳои биринҷӣ – бо 3 ҳазор доллар мукофопулӣ ва мураббиёни ғолибону ҷоизадорон – бо автомобилҳои Toyota Camry GL Executive қадршиносӣ шуданд.
Ғайр аз ин, Президенти Туркманистон шахсан ваъда дод, ки ба варзишгароне, ки ба дастовардҳои беназир ноил мегарданд, дар биноҳои замонавии бароҳат манзилҳои истиқоматӣ ҷудо карда мешавад.