Ҳавопаймои низомии вазорати мудофиаи Ӯзбекистон субҳи 8 октябр шаҳрвандонеро, ки дар садамаи нақлиётии вилояти Владимири Русия зарар дида буданд, ба Ӯзбекистон овард.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин ҳавопаймо ҷасади кушташудаҳоро низ ба Ӯзбекистон интиқол дод.
Дар дохили ҳавопаймои "Ил-76" 36 зарардидаи садама ва 5 пайванди онҳо ҳузур доштанд. Ҳавопаймо дар фурудгоҳи Термиз ба замин нишаст. 22 сокини вилояти Сурхандарё ва ҷасади 15 фавтидаи дигар дар ин фурудгоҳ фароварда шуд.
Се зарардидаи дигар, аз ҷумла як духтарчаи панҷсола дар беморхонаи вилояти Владимири Русия бистарӣ шуданд. Онҳо баъди беҳбуд ёфтан ба ватан бармегарданд.
Ёдрас мекунем, ки шаби 6 октябр дар вилояти Владимир қатори Санкт-Петербург – Нижний Новгород бо автобуси мусофирбар, ки дар роҳи оҳан дармонда буд, бархурд. Дар натиҷа 17 мусофир кушта шуд, ки аксари онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон буданд.
Дар ин садама ронандаи автобус, ки шаҳрванди Қазоқистон буд, низ фавтид. Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, автобуси мазкур иҷозатномаи мусофиркашониро дошт.