Президент Шавкат Мирзиёев гуфт, содда гаштани низоми дарёфти раводид (виза)-и Ӯзбекистон барои шаҳрвандони Туркия, ки чанд рӯз пеш аз сафари давлатиаш ба Анқара сурат гирифт, гоми нахустин дар роҳи наздикшавии ду кишвар аст.
“Рӯзе мерасад, ки миёни мардуми дӯсту бародари мо дигар раводид нахоҳад буд. Барои ин ҳатман талош хоҳем кард. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки чи гуна мо тайи ин 20 соли танаффус ҳамдигарро пазмон шудаем. Инро на аз суханон, балки аз нигоҳҳои ҳамдигар дарк мекунем”, – иқтибос овардаанд расонаҳо аз изҳороти Мирзиёев.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, президенти Ӯзбекистон афзуд, ки тайи 9 моҳи аввали соли равон ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвар 30% афзудааст. “Вале ин хеле кам аст. Мо бояд нишондодҳои баландтаре дошта бошем ва на дар бораи 2-3 миллиард доллар, балки дар бораи 5-6 миллиард доллар суҳбат кунем”, – изҳор дошт Мирзиёев.
Дар нишасти хабарӣ маълум гашт, ки ширкати ҳавопаймоии Туркия аз 16 март парвозҳоро дар масири Истамбул-Самарқанд оғоз хоҳад кард. Ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” дар ин масир аз 30 октябр парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад. Миёни ду ширкат дар Анқара созишномаи ҳамкории стратегӣ имзо шудааст.
Мирзиёев хабар дод, ки қарор аст, дар ҳамоиши соҳибкорони ӯзбеку турк дар шаҳри Истамбул 35 санад ба маблағи 3,5 миллиард доллар имзо шавад. Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон сафари Мирзиёевро таърихӣ ва Ӯзбекистонро шарики стратегии кишвараш дар тамоми бахшҳо номид.